Дидори сафири Тоҷикистон бо муфтии аъзами Украина
Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Украина бо муфтии аъзами ин кишвар бар густариши ҳамкориҳои исломӣ байни ду кишвар таъкид шуд.
Ба гузориши Форс, Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина бо шайх Аҳмад Тамим, муфтии аъзам ва раиси Идораи маънавии мусулмонони ин кишвар мулоқот кард.
Шайх Аҳмад Тамим дар ибтидои ин дидор дар мавриди таърихчаи эҷоди Идораи маънавии мусулмонони кишвараш, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, маҳофили тиҷорӣ, ҷавомеъи мусулмон ва атбои хориҷӣ, кишварҳои хориҷии мусулмоннишину соири заминаҳои фаъолият ба тафсил суҳбат кард.
Сафири Тоҷикистон ба навбаи худ дар мавриди дастовардҳои ин кишвар дар тӯли солиёни истиқлол, ҷойгоҳ ва нақши дин дар низоми давлатӣ ва ҷомеъа, фаъолиятҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон ва ҳамкории Душанбе ва Киев матолиберо баён кард.
Идораи мусулмонони Украина соли 1992 таъсис шуд.