Монеаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия
Мудири дафтари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон монеаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро унвон кард.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Евгений Коренков гуфтааст, ки ҳамвора ба рушди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистон умедвор мебошад, аммо монеаҳои ҷиддӣ дар ин роҳ вуҷӯд дорад.
Вай таъкид кард, монеъи аслӣ дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши истихроҷи маъдан, вуҷӯди молиёт бар арзиши афзӯдааст, ки 50 дарсад муқарар шуда ва мӯҷиби фирори сармоягузорони русӣ мегардад.
Ҳамчунин дар қонуни ҳимоят аз сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон нукоти мубҳами зиёде мушоҳида мешавад, ки фурсатҳои ҳамкорӣ бо Русияро маҳдӯд месозад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистону Русия дар соли 2021 ба беш аз 1 миллиарду 200 миллиондоллар расид, ки Маскавро ба бузургтарин шарики тиҷории Душанбе табдил кард.
Бештар бихонед: