Тавофуқи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таъмини об
Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таъмини оби мавриди ниёзи кишоварзони қазоқӣ дар соли 2022 ба тавофуқ расиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин тавофуқ дар ҷараёни дидор ва музокироти Ҷамшед Шоҳинзода муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон бо Серик Коҷониёзов муовини вазири муҳити зисти Қазоқистон дар Душанбе ба даст омад.
Бар асоси ин тавофуқ Тоҷикистон уҳдадор шуда аст, ки дар соли 2022 оби мавриди ниёзи кишоварзони вилоятҳои Туркистон ва Қизилурдаи Қазоқистонро дар мавсими кишту кор аз сади неругоҳи барқӣ обии Қайроқум, ки дар вилояти Суғд фаъолият мекунад таъмин хоҳад кард.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар баробари дарёфти об аз Тоҷикистон ба ин кишвар, сухт ва гандум ирсол хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об аз сади неругоҳи барқи обии Қайроқум интиқол дода шуд.