Феврал 26, 2022 22:41 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди мусофирон ва мизони интиқоли бор аз роҳи оҳани вилояти Суғд

Мудири ширкати роҳи оҳани вилояти Суғд гуфт: Теъдоди мусофир ва интиқоли коло соли гузашта коҳиш ёфта.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҳусайн Обидов гуфт: Соли 2021 аз тариқи шабакари роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон 335 ҳазор тонна коло ва 7800 мусофир ҷо ба ҷо шуд, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 7 дарсад коҳиш дошта аст.

Вай иллати коҳиши интиқлои коло ва теъдоди мусофир дар соли 2021-ро афзоиши мусофирати афрод ва интиқоли маҳсулот аз тариқи ҳамлу нақли ҷодаи эълом кард.

  • Аммо мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегуянд дар соли 2021 ҳудуди 5 миллиону 682 ҳазор тонна коло ҷо ба ҷо шуд ва 443 ҳазор мусофир бо қатор сафар карданд.
  • Дар низ аз интиқоли ин теъдод мусофир ва коло дар соли гузашта 634 миллиону 400 ҳазор сомонӣ даромади молӣ касб кард.