Боздошти як шаҳрванди Қирғизистон дар Русия ба дархости Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар русия ба дархости Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи «Аки Пресс», иттиҳоми ин шаҳрванди 41 солаи Қирғизистон мушорикат дар низои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон эълом шуд.
Кормандони Сафорати Қирғизистон дар Маскав пас аз мулоқот бо ин шаҳрванд дар боздоштгоҳи пойтахти Русия гуфтанд, Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае ба мақомоти қазоии Русия, хостори истирдоди вай ба Душанбе шудаанд.
Аммо мақомоти Сафорати Қирғизистон дар маскав муддаӣ ҳастанд, фарди боздоштшуда дар замони вуқуи даргирии мусаллаҳона дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар баҳори 2021 дар Русия ҳузур доштааст ва иртиботе бо ин моҷаро надорад.
Ин дар ҳоле аст, ки полиси Русия соли 2021 ҳаддиақал 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои марзии ду кишвар боздошт ва аммо ба далели таъйид нашудани ин иттиҳомот онҳоро озод кард.