Роҳи костан аз ҳазинаҳои ҷарроҳии қалб барои беморон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8215-Роҳи_костан_аз_ҳазинаҳои_ҷарроҳии_қалб_барои_беморон_дар_Тоҷикистон
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 21, 2016 09:41 Asia/Dushanbe
  • Роҳи костан аз ҳазинаҳои ҷарроҳии қалб барои беморон дар Тоҷикистон

Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.

Ба иттилои сайти Фарғона, Толиб Исмоил, фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон пешниҳод кард, барои таъмини бахше аз ҳазинаҳои амали ҷарроҳии қалб дар ин кишвар бояд теъдоди кормандони ниҳодҳои назоратӣ, ки ба беш аз 15 идора мерасад ва танҳо кори онон таҳқиқ ва тафаҳҳус аз фаъолияти марокизи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҳукуматӣ аст, коҳиш ёбад.

Вай муътақид аст, ки ин афрод ҷуз боз кардани роҳи фасод ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ ҳеч кори муфиде анҷом намедиҳанд, ҳол онки бо коҳиши теъдоди онон, маоши ин афродро метавон барои таъмини бахше аз ҳазинаи амали ҷарроҳии қалби шаҳрвандони ниёзманд мавриди истифода қарор дод.

Ҳазинаи амали ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон байни 26 то 40 ҳазор сомонӣ (муодили се ҳазору 250 то панҷ ҳазор доллар) аст, ки барои ақшори камдаромади ҷомеа бисёр сангин аст.

Ба гуфтаи Мубин Иноятов, муовини Маркази ҷарроҳии қалб дар вилояти Суғд, яке аз далоили умдаи боло будани ҳазинаи амали ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон, гаронии васоил ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин амал аст ба тавре, ки баҳои як даричаи қалби босифат, ки давоми зиёде дошта бошад, ҳазору 200 доллар ва васоили таъмини гардиши хун низ 700 то 800 доллар аст.

Дар Тоҷикистон суғуртаи дармонӣ вуҷуд надорад ва бемор бояд худ тамомии ҳазинаҳои амали ҷарроҳии қалбро пардохт кунад, ҳол онки дар Русия амали мушобеҳ барои афроди то 18 сол аз ҳисоби давлат ройгон анҷом мешавад ва шаҳрвандони болои 18 сол низ метавонанд аз дафтарчаи суғуртаи дармонии хеш истифода кунанд.

Бино бар эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳамасола дар ин кишвар чаҳор ҳазор нафар ниёз ба амали ҷарроҳии қалб пайдо мекунанд ва ҳазору 500 кӯдак низ бо норасоии қалбӣ мутаваллид мешаванд, ки ҳазинаи амали ин афрод бисёр боло аст.