Март 03, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши муштараки тоҷирон ва фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон

Дар ҳамоиши муштараки тоҷирон ва фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон бар лузӯми истифодаи матлуб аз зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳамоиши муштараки туҷҷору фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон, ки дар шаҳри  Душанбе бо мудирияти Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва  Манзура Рустамова-муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати Тоҷикистон баргузор шуд, бар лузӯми истифодаи матлуб аз зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар таъкид шуд .
Муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт : Ин иқдом бо ҳимояти давлати Тоҷикистон ва сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе сурат гирифтааст .
Вай бо ишора ба аҳамияти баргузории шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон ва ҳузури ҳайати бозаргонӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ дар ин кишвар баён кард : Дар ин ҳамоиш туҷҷору фаъолони иқтисодӣ ва намояндагони беш аз 80 ширкати саноъатии Эрон ҳузур доранд, ки маҳсулоти худро дар шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд .
Ин мақоми тиҷории тоҷик гуфт : Тоҷикистон барои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ захоиру имконоти бисёр зиёде дар ихтиёр дошта ва барои сармоягузорӣ шароити матлуб фароҳам кардааст. Бинобарин интизор меравад, ки таъомулоти ду кишвари дуст ва ҳамзабон дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқа тақвияту густариш хоҳад ёфт .

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрони дар Тоҷикистон низ таи суханоне бо ибрози ташаккур аз ҳамаи дастандаркорон дар баргузории шашумин Намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии
Исломӣ ва ҳамчунин нишасти муштараки туҷҷору фаъолони иқтисодии ду кишвар дар шаҳри Душанбе, изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаи ин нишаст ва гуфтугӯҳо мунҷар ба тавсеъаи равобит миёни ду кишвари бародар хоҳад шуд .
Вай нахустин сафари расмии хориҷии  Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар шаҳривари моҳи 1400 хуршедӣ ба Тоҷикистон анҷом шуд, торихӣ унвон кард ва гуфт : Анҷоми ин сафар ин паёмро дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон аз ҷойгоҳи баланду арзишманде бархурдор аст . Сафири Эрон ёдовар шуд, ки дар сафари раиси ҷумҳӯрии Эрон баёнияи муштараки сарони ду кишвар ва 8 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид ва тарафҳо тавофуқ карданд, ки равобиту таъомулот дар ҳамаи заминаҳо ва ба вижа ҳавзаи иқтисодӣ тавсеъа ва афзоиш ёбад.
Собирӣ тасреҳ кард : Сарони ду кишвар ҳатто рақамеро пешбинӣ карданд, ки зарфи як сол ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба 500 миллион евро бирасад . Албатта иқтисоди ду кишвари Эрону Тоҷикистони моҳияти мукаммили якдигарро дошта ва агар аз ҳамаи зарфиятҳо ба хубӣ истифода шавад, мо метавонем ҳаҷми мубодилоти солонаро ба рақами бисёр болотар аз 500 миллион евро ва то сақфи як миллиард евро бирасонем .
Сафири Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ табйин кард : Мо дар сафорати Эрон дар Душанбе заминасози ҳузури туҷҷору фаъолони иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ҳастем ва барои тоҷирони азизи тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд ба Эрон бираванд ва кори иқтисодӣ бикунанд, мусоидат анҷом медиҳем . Аз ҷумлаи иқдомоте, ки мо дар сафорат анҷом додем, осонсозии судури виза барои тоҷирони тоҷик аст .

 

Барчасп