Март 05, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои як тоҷик дар Амрико

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико ба 22 сол зиндон маҳкӯм шуд.

Мирзо Отаҷонови 32 сола, ба ҷурми қатли Ҷереми Сафран, устоди 66 солаи равоншиносӣ дар донишгоҳи Ню-Йорк, муҷрим шинохта шуд.

Ин ҳодиса дар майи 2018 иттфоқ афтод.

Додситони ноҳияи Бруклин гуфт, ҳукми Отаҷонов рӯзи 3-юми марти имсол эълон шуд. Қаблан ин зодаи Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки "аввал профессор бо корди ҳарбӣ ҳамла кард" ва ӯ ғайричашмдошт аксуламал нишон дод.

Отаҷонов иддао дошт, ки бо супориши профессор барои таъмири қандили хонааш рафта буд.

Аммо бозрасон мегӯянд, Мирзо Отаҷонов на бо даъвати профессор, балки барои дуздӣ вориди хонаи 2,2-миллиондолларии ӯ шудааст.

Эрик Гонсалес, додситони ноҳияи Бруклин, рӯзи панҷшанбе гуфтааст, Мирзо Отаҷонов "ба хонаи профессор зада даромад ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ӯ, бесабаб, бо корд ба қатл расонд."

Вай афзуд: "Умед дорам, ҳукми имрӯза ба дили шикастаи хонаводаи профессор як андоза тасаллӣ мебахшад. Гунаҳкор барои кирдораш ҷавоб мегӯяд".

Волидони Мирзо Отаҷонови 32-сола табиб буда, соли 2013, баъд аз бурди лотореяи "Green Сard", ба Амрико кӯчидаанд. Яке аз пайвандони ин хонавода дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ба ҷуз аз Мирзо, бародаронаш низ дар Амрико ба сар мебаранд.