Март 05, 2022 13:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Тоҷикистон аз зарфиятҳои мутаадиде дар минтақа бархурдор ҳастанд
    Эрон ва Тоҷикистон аз зарфиятҳои мутаадиде дар минтақа бархурдор ҳастанд

Эрон ва Тоҷикистон, ду кишвари мусалмон ва форс забон дар минтақа ҳастанд, ки аз зарфиятҳои мутаадид ва мутанавеъе ба манзури густараиши ҳамкориҳои дуҷониба дар замнаҳои мухталиф ба вижа сармоягузорӣ ва афзоиши тиҷоратӣ дуҷониба бархурдоранд.

Мақомоти дукишвар дар солҳои гузашта  садҳо санади ҳамкори дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла сармоягузоии Эрон дар Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тарҳҳои имронӣ шомили садсозӣ, пулсозӣ ва сохтанӣ бузургроҳҳо имзо карданд. бо вуҷӯди ин тардиде нест,ки иҷрои тафовуқномаи имзо шуда байни Теҳрон ва Душанбе ниёзманди иродаи қавӣ ,мустаҳкам ва оҳанини мақомҳои баланпояи ду кишвар аст.

Дар ҳоли ҳозир бо мурури равобити Теҳрон ва Душанбе мушахас мешавад,ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар се даҳаи гузашта бо фарозу нишебҳои мутаъадиде ҳамроҳ будааст . Аз замони эъломи истиқлоли Тоҷикистон Эрон зимни ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвари Осиёи Марказӣ дар ҷиҳати ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамаи талоши худро ба кор гирифт.

Дар ҳамин иртибот, ин ҳақиқатро набояд нодида гирифт,ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон кишварҳое вуҷӯд доранд,ки ба равобити Эрон ва Тоҷикистон нигоҳи тангназарона доранд. Ба вижа, ки барои ин даста  аз кишварҳо, ба собиқаи таърихи ва дарке, ки Теҳрон ва Душанбе ва миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон аз якдигар доранд, ҳасодат мекунанд. Ба ҳамин далел ин кишварҳое,ки шиносоияшон чандон ҳам сахт нест ба манзури тахриби равобити ду кишвар талош мекунанд.

Дар ин шароит бадеҳи аст,ки мақомҳои Теҳрон ва Душанбе мебоис иртиботи мутақобилро бо як дигар густариш дода ва бо ҳушёри дар ростои ҳаллу фасли ин идаъоҳо ва ихтилоф афканиҳо иқдом кунанд. Зеро қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар паи касби манофъ барои худ ҳастанд ва ба осони метавонанд кишвари монандиТоҷикистонро фиреб диҳанд.

Дар ҳамин иртибот Рашид Ғани Абдуллоҳ коршиноси Тоҷикистон дар масоъили минтақа таъкид доранд: Тоҷикистон ба унвони кишвари начандон бузург, бояд худро аз мухолифатҳои абарқудратҳои  ҷаҳон ва минтақаиро ҳифз карда ва набояд ба бозичаи дасти онҳо табдил шавад.

Ба ҳар ҳол, дар пайи чандин давраи ошкор шудани  сӯйи тафоҳумҳо дар робитаи Теҳрон ва Душанбе, дар чанд соли гузашта, мақомҳои Эрон ва Тоҷикистон бори дигар ба самти ҳамкориҳои мутақобил тарғиб шудаанд. Ба тавре, ки дар аввалҳои моҳи майи соли гузаштаи меллодӣ чаҳордаҳумин иҷлоси комисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон бо имзои як санади ҳамкории дуҷониба дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ин санад, шомили асноди муҳиме дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки мақомҳои дукишвар мувафақ шуданд дар ҷараёни нишасти Душанбе, дар заминаҳои мухталиф ва мутанавеъ ба имзо расид, тарафайн тавофуқ карданд,ки равобит ва таъомулот дар ҳама заминаҳо ба вижа  ҳавзаи иқтисоди густариш ёбанд.

Дар ҷараёни сафари Саид Иброҳим Раисӣ раисиҷумҳури исломии Эрон ба Душанбе, ки дар тобистони соли гузаштаи меллодӣ анҷом шуд ва дар ҷараёни он, баёнияи муштараки сарони ду кишвар ва ҳашт санади ҳамкори дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид, тарафайн тавофуқ карданд,ки равобит ва таъомулот дар ҳама заминаҳо ва ба вижа ҳавзаи иқтисодии густариш ёбад.

Дар идомаи ин раванд, шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури ҳайати бозаргонӣ ва иқтисодии  Эрон ва Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шудааст. Мудиряти тарафи Эрониро Муҳҳамад Тақии Собирӣ сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар душанбе ва мудирияти тарафи тоҷикро Манзура Рустамова муовини раиси утоқи тиҷорат ва саноъеи Тоҷикистон ба уҳда доштанд.

Хонум Манзура Рустамова дар ин ҳамоиш дар суханронӣ бо ишора ба аҳамияти баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон ва ҳузури ҳайати бозаргонӣ ва иқтисодии Эрон, эълом кард: Дар ин ҳамоиши тиҷорӣ ва фаъолони иқтисодӣ намояндагони беш аз 80 ширкатҳои санъатии Эрон     ҳузур доранд,      маҳсулоти худро дар шашумин намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломӣ дар шаҳри Душанбе дар маърази намоиши умуми қарор доданд.

Ширкат кунандагон дар ҳамоиши муштараки туҷор ва фаъолони иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон бар лузуми истифодаи матлуб аз зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар ҷиҳати густариши равобити дуҷониба таъкид карданд.

Дар як ҷамъбандии кулли аз равобити Теҳрон ва Душанбе , бояд ба ин ҳақиқат эътироф кард, ки пас аз ташдиди таҳримҳи Ғарб алайҳи Русия, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шиддат дар тангно қарор гирифтаанд. Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки беш аз 30 дарсад аз нерӯи ҷавонаш дар Русия машғул ба кор ҳастанд, ба мушкилоти мутаадиде мувоҷеҳ шудааст. Алалхусус ,ки бахши муҳиме аз даромадҳои давлати Тоҷикистон аз молиёти нерӯи кории Тоҷикистон дар Русия таъмин мешавад. Пас аз бурузи ин мушкилот, бадеҳи аст, ки давлати Тоҷикистон чорае ҷузъ ҷазби сармоягузорони Эронӣ ба манзури таъмини бахше аз ниёзҳои моллии худро дорад. Эрон дар муҳимтарин тарҳҳои иморнӣ ва созандагии Тоҷикистон аз замони истиқлоли ин кишвар мушорикат доштааст. Ин мушорикатҳо ҳамчунон идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп