Март 05, 2022 14:09 Asia/Dushanbe
  • 5 сол зиндон барои як сокини Тоҷикистон ба иттиҳоми таблиғи ифротгарӣ

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори ифротигарӣ дар интернет ба 5 сол зиндон маҳкӯм кард.

Ба гузориши сомонаи Додситонии кулли ин кишвар, дар ҳукми додгоҳи таъкид шудааст, ки Беҳрӯз Раҳмонзода бо ифтитоҳи сафҳае дар шабкаи YouTube бо номи мустаори Ahmad Abdullah аз афкори Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ ва гурӯҳи Толибон дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст.

Ҳол онки вай бо огоҳӣ аз мамнуияти фаъолияти ин ду созмон дар Тоҷикистон амдан бо дидан наворҳои таблиғотии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва гурӯҳи Толибон талош кардааст, ки аз иқдомоти ин ду гурӯҳ ҳимоят кунад.

Банди марбут ба иттиҳоми ҳимоят аз фъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозӣ бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 8 сол маҳкӯмият ба зиндонро ба дунбол дорад.

 

Барчасп