Март 06, 2022 12:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Тоҷикистон бар тавсеъаи равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ

Дар дидори сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бар зарурати тавсеъаи равобити байни ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо Шараф Шерализода-муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон вазъияти мавҷуди равобиту ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд .
Ду тараф бар зарурати тавсеъаи равобити байни Эрону Тоҷикистон дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд.
Таи моҳҳои ахир дар равобити миёни Эрону Тоҷикистон таҳаррукоти мусбати қобили таваҷҷуҳе сурат гирифтааст, ки ба унвони намуна метавон ба баргузории шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон, сафари устондори Хуросони разавӣ ба Душанбе, сафари додситони кулл ва вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ба Теҳрон ва ҳамчунин ҳузури ду гуруҳи театрҳои Абулқосими Лоҳутӣ ва Меҳрубон Назаров дар чиҳилумин ҷашнвораи байналмиллалии театри Фаҷр ба унвони меҳмони вижа ишора кард.

 

Барчасп