Март 07, 2022 12:56 Asia/Dushanbe
  • Кумак аз навъи амрикоӣ барои тақвияти марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон

Амрико 900 ҳазор доллар барои тақвияти амнияти навоҳии марзии Афғонистон ва Тоҷикистон кумак кард.

Ба гузориши «Форс», Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони байналмилалии муҳоҷират аз иҷрои тарҳи ҷадид барои эминсозӣ ва ҳифозат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар баробари қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин тарҳ шомили омӯзиши афсарони неруҳои марзбонӣ ва беҳбуди зерсохтҳо дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тайи 36 моҳи оянда бо ҳазинаи куллии 900 ҳазор доллар аст.

Албатта, Амрико бо ҳамин сиёсат ва иддаои таъмини амният, 20 сол Афғонистонро ба ноамнтарин кишвари дунё табдил кард ва кишту тавлиди маводи мухаддир ва терроризму кушторро дар ин кишвар густариш дод. 

 

 

Барчасп