Эъломи иттиҳоми ҷадид алайҳи Иззат Амон ва интиқоли вай ба боздоштгоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i82402-Эъломи_иттиҳоми_ҷадид_алайҳи_Иззат_Амон_ва_интиқоли_вай_ба_боздоштгоҳ
Алайҳи мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки дар Тоҷикистон ба 9 сол зиндони маҳкӯм шудааст, иттиҳоми ҷадиде эълом ва ӯ дубора ба боздоштгоҳ мунтақил гардидааст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 08, 2022 14:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иттиҳоми ҷадид алайҳи Иззат Амон ва интиқоли вай ба боздоштгоҳ

Алайҳи мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки дар Тоҷикистон ба 9 сол зиндони маҳкӯм шудааст, иттиҳоми ҷадиде эълом ва ӯ дубора ба боздоштгоҳ мунтақил гардидааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, манобеи раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки алайҳи Иззат Амон ба иттиҳоми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" иттиҳоми ҷадид эълом шудааст.

Ин манобеъ муддаиянд, ки фарде ба исми Нурулло Воҳидов, сокини бохтар алайҳи Иззат Амон шикоят кардааст, ки маблағи 10 ҳазор долларро дар Русия аз вай гирифта ва барнагардондааст.

Ҳарчанд, ки модари Иззат Амон мегуяд, 6 ҳазор доллар аз ин маблағ ба Воҳидов дар Тоҷикистон ва 4 ҳазор доллар ба ҳамсари русии вай дар Маскав пардохт шудааст.

Дар моҳи марти соли 2021 додгоҳи шаҳри Маскав бо судӯри ҳукме,гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва вайро бар асоси банди 18 қонуни кайфарии Русия марбӯт ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.

Иззат Амон аз соли 1996 бо дарёфти тобеияти Русия дар ин кишвар, кору зиндагӣ мекард.