Март 11, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Бартарии духтарони ҷавони Эрон дар мусобиқоти CAFA

Аввалин дидори мусобиқоти футболи духтарони зери 18 соли CAFA ба мизбонии Тоҷикистон, аз соати 14: 00 ба вақти маҳаллӣ ва 12: 30 ба вақти Теҳрон байни ду тими футболи Эрон ва Узбакистон дар варзишгоҳи аслии шаҳри Душанбе оғоз шуд, ки тими миллии Эрон ҳарифи худро шикаст дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, нимаи нахусти ин дидор бо натиҷаи як бар сифр ба суди духтарони Эрон ба поён расид.

Дидори тимҳои Эрон ва Узбакистон дар маҷмуъ низ бо натиҷаи як бар сифр ба суди миллипӯшони Эрон ба поён расид.

Танҳо голи ин нимаро Нигини Зандӣ (капитан) дар дақиқаи 33 бо паси голи Илоҳаи Афшордӯст вориди дарвозаи Узбакистон кард.

Нигинаи Зандӣ дар дақиқаи 38 ва Фотимаи Сутуда дар дақиқаи 44 аз довари бозӣ корти зард дарёфт карданд.

Бозикуни Узбакистон ба далели дарёфти ду корти зард аз довар бо корти сурх мувоҷеҳ ва ихроҷ шуд.

Ӯзбакистониҳо аз дақиқаи 68 бозӣ даҳнафара шуданд.

Бозикуни шумораи 14 Узбакистон дар дақиқаи 78 ба далели хато рӯйи бозикуни Эрон ва ду корта шудан, ихроҷ шуд. Ин бозикун ибтидои нимаи дувум аз довари бозӣ корти зарди аввалро дарёфт карда буд.

Узбакистон аз дақиқаи 78 нуҳнафара шуд.

 

 

Барчасп