Март 11, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 186 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина

Субҳи имрӯз 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели рӯйдодҳои Украина ба Полша нақли макон карда буданд, аз тариқи як парвози вижа ба Душанбе бозгаштанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, субҳи имрӯз 186 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели рӯйдодҳои Украина ба Полша нақли макон карда буданд, аз тариқи як парвози вижа ба Душанбе бозгаштанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава тавассути ҳавопаймои ширкати лаҳистонии “Интер Эйр” ба пойтахти кишвари худ мунтақил шуданд.

Бинобар гузориши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, барои шаҳрвандони ин кишвар, ки мадорики ҳувиятӣ дар даст надоштанд, дар фурудгоҳи Варшава аз сӯи ин сафоратхона гувоҳии бозгашт ба Душанбе содир шуд.

Интизор меравад, гуруҳи дигаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшаваи Полша имрӯз ба Душанбе парвоз кунанд.

 

Барчасп