Ройзании амниятии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ дар Қоҳира
(last modified Fri, 11 Mar 2022 14:48:38 GMT )
Март 11, 2022 19:48 Asia/Dushanbe
  • Ройзании амниятии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ дар Қоҳира

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср бар тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Ба гузориши “Ашшарқулавсат”, Абдулфаттоҳ Сиси, раиси ҷумҳурии Миср ва Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бар тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм ва афзоиши сармоягузориҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид карданд.

Абдулфаттоҳ Сиси дар Қоҳира мизбони Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар ин дидор ҳамкориҳо дар бахши омӯзиши неруи тахассусӣ ва ҳимоятҳои фаннии Миср аз Тоҷикистон ва афзоиши донишҷӯёни тоҷик дар Алазҳар ва дигар донишгоҳҳои Миср ва густариши ҳамкориҳову мубодилаи таҷориб дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Дар ҳошияи ин дидор тафоҳумномаҳову тавофуқномаҳое дар бахшҳои кишоварзӣ, варзиш, омӯзиши олӣ миёни ду кишвар имзо шуд.