Март 13, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ҳайати низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Эрон
    Боздиди ҳайати низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Эрон

Ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон аз донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳайати олирутбаи низомии Тоҷикистон ба сарпарастии генерал Абдулалим Расулзода, муъовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар субҳи имрӯз аз донишгоҳи фаромндеҳӣ ва ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид карданд.

Ин боздид ба манзури афзоиши ҳамкориҳои омӯзишиӣ байни артишҳои ду кишвар анҷом шуд.

  • Генерал Ҳусайн Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш дар ин дидор робитаи Эрон ва Тоҷикистонро бисёр мустаҳкам донист ва гуфт: Робитаи ду кишвар як иртиботи вижа ва пайванд миёни кишвари Эрон ва Тоҷикистон бар мабнои иштирокоти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ аст ва ин пайванд ҳеҷ гоҳ гусаста нахоҳад шуд.
  • Генерал Валиванд гуфт: Ин донишгоҳи артиш аз қадимитарин донишгоҳҳои Эрон аст, ки донишҷуёни низомии дараҷаҳои миёна ба боло ҳамасола ҷиҳати гузарондани давраҳои илмӣ ва амалӣ дар он ҳузур пайдо мекунанд ва мо алоқа дорем дар заминаи табодули донишҷуёни низомӣ бо Тоҷикистон иртиботи ҳасана дошта бошем.
  • Генерал Абдулалим Расулзода, сарпарасти гуруҳи эъзомӣ ва муъовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар ин дидо гуфт: Мо Ҷумҳурии Исломии Эронро дуст ва бародари худ медонем ва дар ин кишвар эҳсоси ғарибӣ надорем, дар заминаи табдули донишҷу барномаҳое пешбини шуда аст, ки умедворем ҳарчи зудтар иҷро шавад.

Аъзои ҳайати низомии Тоҷикистон дар идома аз раванди омӯзиши донишҷуён ва дигар маконҳои донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиш боздид карданд.

 

Барчасп