Аз саргирии парвози ҳавопаймоҳо дар ширкати ҳавопаймоии "Сибир"
Март 19, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
Ширкати ҳавопаймоии Сибир" аз ҳафтаи оянда парвозҳо ба Тоҷикистонро азсар мегирад.
Мудири дафтарои намояндагии ширкати ҳавопаймои "Сибир" эълом кард, парвозҳои рафту баргашти ин ширкат ба Тоҷикистон аз ҳафтаи оянда азсар гирифта мешавад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Фазлиддн Ҳасанов гуфт, парвозҳои ин ширкат ба Тоҷикистон аз 5 марти соли ҷорӣ ба далели таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия лағв шуда буд, ки аз ҳафтаи оянда дубора оғоз мешавад.
Ӯ афзуд, мудирияти созмони ҳавопаймоии кишварии Русия акнӯн тасмим ба идомаи парвозҳо ба 8 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон гирифтааст.