Мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Саудӣ дар Исломобод
(last modified Wed, 23 Mar 2022 14:54:01 GMT )
Март 23, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вазирони хориҷии Тоҷикистону Саудӣ дар Исломобод

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ вазъи феълии амниятӣ дар минтақа ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтояш аз Арабистони Саудӣ, Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд вохӯрӣ кард.

 Вазорати умури хориҷӣ, мулоқот дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ - СҲИ дар Исломобод баругзор шуд.

"Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин вазирони ду кишвар аз вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули ақида карданд.
Тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будаанд.