Иҷрои тавофуқоти меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Fri, 25 Mar 2022 14:20:01 GMT )
Март 25, 2022 19:20 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тавофуқоти меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон
    Иҷрои тавофуқоти меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон

Дар дидори вазири энергетика ва манобеъи обӣ ва муъовинии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири оби Узбакистон дар мавриди ҷанбаҳои муҳими равобити байни ду кишвар табодули назар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва манобеъи обӣ ва Шараф Шерализода муъовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Шавкат Ҳамроев, вазири оби Узбакистон дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳар ду тараф дар ин дидор мулоқот дар мавриди ҷанбаҳои муҳими равобити дуҷониба ва чандҷониба дар иҷрои паӣ дар пайи тавофуқоти ба даст омада байни раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон табодули назар карданд.

Дар идома бар лузуми иҷрои ин тавофуқот дар чорчуби созкорҳои мавҷуд, иҷлосҳои коргуруҳҳои муштарак дар умури об ва руйдодҳои байналмиллалии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Нию-Йорк таъкид шуд.

Дар ин росто хортирнишон шуд, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаҳои зисалоҳи марбута метавонад омили муҳиме дар тазмини тавсеъаи бештари ду кишвар бошад.