Ноябр 23, 2016 10:41 Asia/Dushanbe
  • Содироти як миллиарду 350 миллион киловатт соат барқ аз Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ибтидои имсол ба Афғонистон ва Қирғизистон як миллиарду 350 миллион киловатт соат барқ содир кардааст.

Ба иттилои сайти Авесто, содироти ин мизони барқ аз Тоҷикистон барои ин кишвар наздик ба 50 миллион доллар судоварӣ доштааст.

Тоҷикистон дар ин муддат ба Афғонистон як миллиарду 260 миллион киловатт соат барқ ва ба Қирғизистон 93 миллион киловатт соат барқ содир кардааст.

Имсол низ дар Тоҷикистон батаври расмӣ аз аввали моҳи ноябр ба далели коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ-обии ин кишвар ва оғози фасли сармо лимити  барқ шуруъ шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” танҳо шаҳри Душанбе, марокизи вилоятҳо ва корхонаҳои муҳими санъатии ин кишвар аз лимити барқ мустасно ҳастанд.

Бар асоси гузориши Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, мардуми манотиқи рустоии ин кишвар танҳо 7 то 8 соат дар шабонарӯз барқ доранд.

Ҳамчунин аз аввали моҳи ноябр бар асоси тасмими давлати Тоҷикистон қиммати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ, ки токунун 12,6 дирам будааст, бар асоси тарифҳои ҷадид ба 16,6 дирам афзоиш ёфт.

Марокизи тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар киловатт соат барқ 35,6 дирам пардохт хоҳанд кард.

 

Барчасп