Афзоиши 47. 1 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ
(last modified Sat, 26 Mar 2022 15:35:58 GMT )
Март 26, 2022 20:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 47. 1 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ

Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ 47 . 1 дарсад афзоиш ёфт.

Бинобар гузориши Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, тиҷорати Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ИДМ тайи ин давра 602. 2 миллион доллар баровард шудааст.

Ин шохис баёнгари ин амр аст, ки 52. 7 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил муртабит аст.

  • Раиси бонки ИДМ: Узбакистон метавонад ба маркази молии ИДМ табдил шавад
  • Тоҷикистон пешгоми рушди ҷамъият дар ИДМ

Бинобар иттилои Агентии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, Русия (242. 5 миллион доллар), Қазоқистон (235. 9 миллион доллар) ва Узбакистон (93. 7 миллион доллар) будаанд.

Тарози тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ тайи ин давра манфӣ будаву воридоти коло беш аз 3. 3 баробар бештар аз содирот будааст.

Тоҷикистон ба ин кишварҳо тайи ин ду моҳ 137. 1 миллион доллар маҳсулот содир ва ҳудуди 465 миллион доллар коло ворид кардааст.