Таъкиди Душанбе ва Исломобод бар тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ
(last modified Sun, 27 Mar 2022 13:52:35 GMT )
Март 27, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Душанбе ва Исломобод бар тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти олии Покистон, бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи чиҳилуҳаштумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ бо мақомоти Покистон дидор ва дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодули назар кард.

Муҳриддин зимни дидор бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар мавриди вазъияти мавҷуди ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Исломобод ва роҳкорҳои беҳбуду тавсеаи он гуфтугӯ кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди амнияти минтақаӣ низ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тайи дидор бо Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, ҳамтои покистонии худ, илова бар равобити дуҷониба, ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ба вижа Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфтугӯ карданд.

Муҳриддин ва Қурайшӣ чигунагии иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чорчӯби сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ ба Покистонро низ мурур карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти ёдшуда ҳамчунин бо Файсал бин Фарҳон бин Абдуллоҳ оли Сауд, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ, Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон,  Узро Зиё, муовини вазири умури хориҷаи Амрико мулоқот ва дар мавриди равобиту ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаӣ табодули назар кард.