Коршиносон дар бораи вазъияти коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия чӣ мегӯянд?
(last modified Tue, 29 Mar 2022 05:33:21 GMT )
Март 29, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон: Коргарони муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди мушкилоти феълии Русия ба корашон идома медиҳанд
    Коршиносон: Коргарони муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди мушкилоти феълии Русия ба корашон идома медиҳанд

Аксари коршиносони тоҷик муътақиданд, ки бо вуҷуди мушкилоти феълӣ дар Русия дар пайи таҳримҳои Ғарб ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ин кишвар, аммо коргарони муҳоҷири тоҷик ба корашон идома хоҳанд дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Абдулмалик Қодиров гуфтааст, ки бо вуҷуди ин, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон бояд ба фикр ёфтани масирҳои ҷадиди эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои дигар, аз ҷумлаи Туркия ва Қазоқистон бошанд.

Абдуллоҳ Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия мегӯяд, хуруҷи густардаи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ғайримумкин аст, аммо давлати Тоҷикистон бояд барои ёфтани бозорҳои ҷадиди кор барои шаҳрвандони хеш дар кишварҳои ғарби Осияё, ҷануби шарқи Осиё, Канада ва Англия барномарезӣ кунад. Дар ин ростои зарурати омузишҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ ва бавижа фанновариҳои ҷадид барои ҷавонони тоҷик муҳим хоҳад буд.

Ҳамчунин Раҳмон Улмасов, устоди донишгоҳ ва коршиноси умури муҳоҷират дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки заминаи иштиғолзоӣ дар дохили кишвар ночиз аст. Из ин рӯ, аз ҳамин ҳоло бояд ҳукумати Тоҷикистон дар пайи тадвини барномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷир ба Украина пас аз ҷанги феълӣ бошад; чаро ки барои бозсозии ин кишвар пас аз поёни даргириҳо манобеи калони молӣ ихтисос дода хоҳад шуд ва ин амр, заминаи ҷазби садҳо ҳазор коргари муҳоҷирро фароҳам месозад.

Бештар бихонед: