Март 29, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони синамои Узбакистон

Ҷашнвораи серӯзаи синамои Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, ин ҷашнвора таҳти унвони «Рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон» 30 март дар шаҳрҳову манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ифтитоҳияи «Рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон» барои 30 март дар синамое дар шаҳри Душанбе, мавсум ба «Синамои Наврӯз» барномарезӣ шудааст.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳадаф аз рӯйдоди фарҳангиро густариши ҳамкорӣ бо филмсозони ӯзбак ва тавлиди пружаҳои муштарак эълом кард.

Дар ин се рӯз филмҳое бо гароишҳои мухталиф дар Душанбе ва устонҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

 

 

Барчасп