Март 30, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Аз кор мондани бузургтарин корхонаи тавлиди намаки Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт
    Аз кор мондани бузургтарин корхонаи тавлиди намаки Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

Бузургтарин корхонаи тавлиди намаки Тоҷикистон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд фаъолияти худро мутаваққиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, масъулони ин корхона гуфтаанд, ки иллати ин иқдом ба поён расидани эътибори иҷозатномаи фаъолияти ин марказ буд ва санадҳои мавриди ниёз барои тамдиди он ба Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон пешниҳод шуда аст.

Акнун  100 коргари ин корхона ба рухсатии бидуни маъош фиристода шуданд.

Корхонаи намаки ноҳияи Ашт аз зарфияти тавлиди 10 ҳазор тонна маҳсул дар сол бархӯрдор буда ва маҳсули он ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содир мешуд.

Ин корхона ба будҷети ноҳияи Ашт ҳамасола 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ молиёт пардохт мекард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп