Густариши равобити иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон
Мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузаштаи милодӣ бо афзоиши 30 дарсадӣ ба як миллиарду 200 миллиондоллар расид.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар дидор бо Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Қазоқистон густариши равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро хостор шуд.
Дар ин дидор ҳамчунин вазъияту дурнамои густариши муносиботи дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи равобити байни порлумонии ду кишвар низ мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт.
Намояндагони Тоҷикистону Қазоқистон дар ин дидор афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои авлавиятдори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монанди саноат, энержӣ, ҳамлу нақлу иртиботот, беҳдоштӣ, омӯзишу парвариш, фарҳангу гардишгариро низ ба нафъи тавсеа ва рифоҳи ду кишвар донистанд.