Март 31, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Баррасии меҳварҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ барои 4 соли оянда

Намояндагони вазоратҳо ва созмонҳои давлатии Тоҷикистон, кишварҳои кумаккунанда ва Дафтари барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе дар нишасте меҳварҳои ҳамкории дуҷониба барои 4 соли ояндаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин нишаст ба раёсати Ашӯрбой Солеҳзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва хонум Сезин Синанолу, мудири дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе баргузор шуд.

Сезин Синанолу дар гузорише аз кумакҳои ин ниҳод ба Тоҷикистон дар соли 2021 хабар дод, ки шомили тазриқи воксани карона ба беш аз 3 миллион нафар аз сокинони болои 18 сол, тазриқи воксани ҷилавгирӣ аз фалаҷи кӯдакон ба 1 миллиону 27 ҳазор нафар, таъмини ғизои рӯзона 542 ҳазору  600 донишомӯз, озмоиши СПИД барои 909 ҳазору 536 нафар, таҳти пӯшиш қарор додани ҳифзи иҷтимоии 2 миллиону 100 ҳазор нафар ва кумаки ҳуқуқӣ ба беш аз 13 ҳазор нафар дар Тоҷикистон мешавад.

Дар ин нишаст роҷеъ ба меҳварҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони милал барои 4 соли оянда баҳсу табодули назар шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп