Апрел 01, 2022 16:07 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони Намоишгоҳи байналмилалии барқи обии Осиёи Марказӣ ва Хазар

Шашумин конгресси солона ва намоишгоҳи байналмилалии “Барқи обии Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022” дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ бо мавзӯи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Хазар барпо мешавад.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин рӯйдод, дар ин конгресс 150 нафар аз мудирони ширкатҳои пешгоми энержии таҷдидпазир, сармоягузорон, раҳбарони фанноварӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Белгия, Чин, Британия, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария ва Канада гирдиҳам меоянд.

Ширкаткунандагони ин конгресс ва намоишгоҳ ҳамчунин аз нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” боздид хоҳанд кард.