Апрел 03, 2022 08:47 Asia/Dushanbe
  • Эъломи озмуни пазириши муаллимон ва донишомӯзон дар мактабҳои нави Русия дар Хуҷанд

Идораи маорифи шаҳри Хуҷанд барои пазириши муаллимон ва донишомӯзон дар мактабҳои нави русизабон озмуни вурудӣ баргузор мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,номнависии  муаллимон ва донишомӯзони довталаб барои кор ва таҳсил дар мактабҳои нави русизабон, ки Русия онро месозад, оғоз шудааст .
Мактабе дар замине ба масоҳати 6 гектар дар маҳаллаи шумораи 8 шаҳри Хуҷанд дар ҳоли сохт аст, ки бар асоси барнома аввали сентябри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ мерасад .
Ин маркази омӯзишӣ шомили синфхонаҳо, муҷтамаъи варзишӣ ва хобгоҳ барои муаллимон аст .

Тафоҳумномаи сохти 5 мактаб бо шароити омӯзишии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2019 тасвиб шуд ва Русия 30 миллион доллар барои иҷрои ин тарҳ ихтисос дод.
Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар ҳоли сохт аст .

 

Барчасп