Апрел 06, 2022 15:18 Asia/Dushanbe
  • Гардишгарӣ ва сармоягузорӣ дар авлавияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон

Дар нишасти тахассусии Комиссияи гардишгарии Утоқи Эрон бо дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардишгарӣ ба унвони авлавияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон матраҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни Комиссияи гардишгарии Утоқи Эрон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳиммати умури байналмилали Утоқи Эрон дар рӯзи сешанбеи 16 фарвардин (5 апрел) баргузор шуд.

Дар ин нишаст оқои Меҳронӣ, сарпарасти умури байналмилали Утоқи Эрон зимни ишора ба ҷойгоҳи болои комиссияҳои тахассусии Утоқи Эрон ба унвони бозуҳои машваратӣ ва утоқҳои фикри бахши хусусӣ, бар зарурати баҳрагирӣ аз ин зарфиятҳо барои барномарезиҳои тахассусӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳо таъкид кард.

Гуфта шуд, ки бо вуҷуди қаробатҳои бисёр наздики фарҳангӣ ва ҳамчунин зарфиятҳову фурсатҳои фаровони ҳамкориҳои иқтисодӣ чӣ дар бахши коло ва чӣ дар бахши хадамот, аз ҷумла дар ҳавзаи гардишгарӣ ва фаннии муҳандисӣ, ҳаҷми ҳамкориҳо қонеъкунанда нест. Бо ин ҳол, дар соли гузашта шоҳиди афзоиши ҳаҷми тиҷорати ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон будаем.

Алиакбари Абдулмаликӣ, раиси Комиссияи гардишгарӣ дар ин дидор бар лузуми барномарезӣ барои тавсеаи зерсохтҳои гардишгарӣ, гардишгарии саломат ва рӯйдодҳои варзишӣ бо кишвари Тоҷикистон таъкид карду афзуд: Лозим аст барои афзоиши парвозҳо миёни ду кишвар ва анҷоми парвози ҳафтагӣ миёни Теҳрон - Душанбе ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Эрон тадобири лозим андешида шавад.

Ӯ бар лузуми мутолеаи коршиносии монеаҳои мавҷуд барои иртиқои гардишгарӣ миёни ду кишвари ҳамзабон таъкид кард.

Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ин дидор бо ишора ба пешинаи равобити ҳасанаи ду кишвар ва ҳамчунин алоқамандиҳо ва иртибототи амиқи ду миллат бар густариши таомулоти ду кишвар дар тамоми ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид кард ва гуфт: Афзоиши таомулоту иртиботот, тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Маъруфҷон Абдураҳмонов афзуд: Дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар саноеъ вуҷуд дорад ва бо тавваҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои ҳамли рейлӣ ва тавофуқот бо кишварҳои ҳамсоя, заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст. Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ, аз ҷумла дар бахши гардишгарии саломат аст. Ин кишвар ҳамчунин аз тавсеаи бахшҳои дармон ва бархе саноеъ тавассути неруи мутахассиси эронӣ истиқбол мекунад, зимни ин ки дар ин ҳавзаҳо фурсатҳои хубе барои фаъолони иқтисодии эронӣ вуҷуд дорад.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон

 

Дар ин ҷаласа, ки бо ҳузури ҷамъе аз аъзои Комиссияи гардишгарии Утоқи Эрон баргузор шуд, ҳамчунин бар лузуми шиносоии зарфиятҳои дармонии Эрон бо кайфияти боло ва ҳазинаҳои рақобатӣ ба кишвари Тоҷикистон, баргузории урдуҳои варзишӣ, зарфияти сармоягузорӣ дар бахши дармони Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар бахши омӯзишу стандартсозӣ, шиносонидани рӯйдодҳову ойинҳои ду кишвар ва баргузории ҷаласоти тахассусии гардишгарӣ бо мушорикати бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Эрон ишора гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон ва Эрон 57 миллион доллар буд ва ин рақам дар соли 2021 дар пайи талошҳои суратгирифта, ба 121 миллион доллар афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо дар ин дидор изҳори умедворӣ карданд, ки ин раванд идома ёбад ва ба зудӣ ҳадафи таъйиншуда аз сӯи мақомоти олии ду кишвар барои 500 миллион евроии тиҷорати дуҷониба, амалӣ шавад.

Тоҷикистон ва Эрон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва тарафҳо дар ин нишаст бар ниёзи пайгирии ҷиддитари амалисозии барномаҳо таъкид карданд.

 

Барчасп