Апрел 09, 2022 11:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо роҳҳои тақвияти амнияти минтақаӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Томас Никлассон, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳи вай дидору гуфтугӯ кард.

Дар дидор тарафайн дар мавриди масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла тақвияти амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру соири мавзӯоти муҳим баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин тарафайн ба вазъияти кунӯнии Афғонистон ва эҷоди мавзеи муттаҳиди ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз бурузи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи вижа доштанд.

 

Барчасп