Апрел 09, 2022 12:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши табодулоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон

Вилоятҳои Тоҷикистон ва вилояти Свердловскии Русия табодули тиҷориро афзоиш медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ояндаи наздик, содироти мева ва сабзавот аз вилоятҳои Хатлону Суғди Тоҷикистон ба Урали марказии Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Ин мавзӯ дар гуфтугӯи маҷозӣ байни мақомоти Тоҷикистону вилояти Свердловскии Русия матраҳ шуд.

Дар идомаи ин видеоконфронс, тарафайн омодагии худро барои имзо ва иҷрои мувофиқатномаҳои байниминтақаӣ дар заминаи ҳамкориҳои мутақобили сӯдманд, созмондиҳии табодули ҳайатҳои тиҷорӣ ва идомаи гуфтугӯҳои созанда дар чорчӯби намоишгоҳҳои байналмилалии «Иннопром» ва «Бохтар» эълом карданд.