Зуҳуров: Музокира танҳо роҳи ҳалли мушкили Афғонистон аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8395-Зуҳуров_Музокира_танҳо_роҳи_ҳалли_мушкили_Афғонистон_аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ҳалли мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон танҳо аз роҳи сулҳомез, аз тариқи музокира ва гузаштҳои мутақобили тарафайни даргир имконпазир аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 24, 2016 11:46 Asia/Dushanbe
  • Зуҳуров: Музокира танҳо роҳи ҳалли мушкили Афғонистон аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ҳалли мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон танҳо аз роҳи сулҳомез, аз тариқи музокира ва гузаштҳои мутақобили тарафайни даргир имконпазир аст.

Ба гузориши сойт Топтҷ, дар чорчӯби ҷаласоти маҷмааи байнипарлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, Шукурҷон Зуҳуров имрӯз панҷшанбе дар Санкт Петербург бо муовини раиси Парлумони Молдов ва раиси Маҷлиси Афғонистон дидор кард.

Зуҳуров дар дидор бо Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси Афғонистон, ки ба дархости тарафи афғон сурат гирифт, гуфт, рушди минтақа ба барқарории сулҳ ва оштӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад, ки ин сулҳу оштӣ ҳам, танҳо аз тариқи мусоламатомез, ба воситаи музокира ва гузаштҳои мутақобили тарафайн даргир ба даст меояд.

Ду мақоми баландпояи парлумони Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчунин дар бораи иҷрои тарҳҳои минтақаӣ дар бахшҳои энергӣ, ҳамлу нақл ва тиҷорат ба баҳсу гуфтугӯ пардохтанд.

Зуҳуров дар дидор бо ҳамтои молдовии худ, Владимир Витюк низ гуфт, заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Молдов имрӯз куҳна шуда ва ё эътибори қонунии худро аз даст додааст ва замони он расида, то муоҳидот ва тавофуқоти ҷадид байни Душанбе ва Кишинёв инъиқод шавад.

Ду тараф дар ин дидор, густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ карданд.