Иҷрои тарҳҳои муштарак меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мудирони Бонки Ҷаҳонӣ дидор кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва мудири кишварии ин ниҳоди молиявӣ дар Афғонистон Мелинда Гуд 7 апрел баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории баъдӣ дар соҳаи энергетика ва тандурустиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.