Апрел 13, 2022 16:14 Asia/Dushanbe
  • Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири нави Покистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби Шаҳбоз Шариф ба унвони нахуствазири нави Покистонро табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ кард, ки тайи давраи масъулияти нахуствазири нави Покистон, равобити дӯстонаву ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар, ки дорои суннатҳои ҳасанаи дерина аст, беш аз пеш густариш ёбад.

Дар бахши дигаре аз ин паём гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ба раванди тавсеаи равобити чандбуъдӣ бо Покистон арзиши зиёде қоил будаву нисбат ба пурбортар кардани таомулот дар ҳамаи ҳавзаҳои манофеи мутақобил алоқаманд аст.

 

Барчасп