Апрел 23, 2022 18:21 Asia/Dushanbe
  • Нишасти маҷозии гуруҳи кории Тоҷикистон ва Русия дар заминаи кишоварзӣ
    Нишасти маҷозии гуруҳи кории Тоҷикистон ва Русия дар заминаи кишоварзӣ

Дар нишасти маҷозии гуруҳи кории Тоҷикистон дар Русия дар заминаи кишоварзӣ ва мубодилоти маҳсулот барраси шуд.

Ҷаласаи гуруҳи кории Тоҷикистон ва Русия дар заминаи кишоварзӣ ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар ҷараёни ин нишаст масоили мухталиф аз ҷумла тадвини нақшаи роҳи барои тақвияти ҳамкори байни вазоратхонаҳои кишоварзии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 барраси шуданд.

Дар ин ҷаласа Нигина Анварӣ, муъовини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар мавриди фурсатҳои мавҷуд ва истифодаи ҳамаҷониба аз бахши кишоварзии ин кишвар суҳбат кард.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст дар хусуси фаъолияти бештари ин вазоратхонаҳо дар заминаи мубодилоти маҳсулоти кишоварзӣ ташкили феҳрасти ширкатҳои содиркунанда ва ҳамчунин анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ, ки петонсели афзоиши содироти мутақобил ба бозорҳои ҳар ду кишварро доранд баҳсу табодули назар карданд.

Ҳарду тараф ҳамчунин қарордоди мустақим барои таъмини ваксинаҳои домдори ва системаҳои омӯзишӣ ба Тоҷикистон, ҳамкори дар заминаҳои домпизишки ва беҳдошти гиёҳиро барраси карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп