Апрел 26, 2022 18:12 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти аҷиб дар интизори бозикунони тоҷики Персполис, Ҳанонов мемонад ва Сафаров меравад.
    Сарнавишти аҷиб дар интизори бозикунони тоҷики Персполис, Ҳанонов мемонад ва Сафаров меравад.

Эҳтимоли ду бозикуни хориҷии сурхҳо Темурови узбак ва Сафарови тоҷик дар поёни фасл, ин тимро тарк мекунанд ва фақат Ваҳдадт Ҳанонов мемонад.

Ваҳдат Ҳанонов дар дидори ҳазфи муқобили Алюмини Арок чанд иштибоҳ дошт аммо Яҳё Гулмуҳаммадӣ ҳануз ба ин бозикун эътиқод дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфта мешавад сармурабии Персполис қасд дорад Ваҳдат Ҳанонов мудофеъи ҷаони тоҷикро ҳифз кунад, аммо ду бозикуни хориҷии дигар баъид аст фасли ояндаро дар ин тим ҳамроҳи кунанд.

Манучер Сафаров нимфасли аввл лиги бистуяукмро ҳамчун ҳамватанаш Ваҳдат Ҳанонов аз дасти дод аммо бархилофи ин яки дар нимфасли дуввум натавонист худи нишон диҳад ё ба сурати комил дар таркиби аслии тимаш қарор бигирад.

Беҳтарин мудофеъи рости соли гузаштаи лиги қаҳрамонии Осиё дар Персполис ба як нимкатнишини мутлақ табдил шуд. Манучер Сафаров ҳар замоне ҳам, ки ба замин рафт натавонист худи нишон диҳад ва бо он дифоъи рост нуфузи ва Анжрики Истиқлоли Тоҷикистон фосилаи зиёд дошт.

Аз у бадшонстар аммо Темуров узбак аст муҳоҷими миллипуши узбак дар аввалин дидоре, ки барои Персполис баробари Санъати нефти Ободон ба майдон рафт бисёр умедворкунанда зоҳир шуд. Темуров дар он дидори талхе, ки барои Персполис баробари Санъати нефти Ободон ба майдон рафт бисёр умедворкунанда зоҳир шуд. Темуров дар он дидори талхе, ки бо шикасти Персполис муваҷаҳ шуд ба унвони бозикуни таъвизи ба майдон рафт аммо чанд зарба ба чорчуби дарвозаи Санъати нефти Ободон зад ва тири дарвозаи Алиризо Мансуриёнро ларзонд хелаҳо аз дидани ин намоиши Темуров ба ояндаи у дар Персполис умедвор шуданд, аммо муҳоҷими узбак дар дидорҳои баъди бисёр заъиф нишон дод.

Ҳоло гуфта мешавад Темуров ва Сафаров дар поёни фасл ба эҳтимоли фаровон аз Персполис ҷудо хоҳанд шуд ҳар чанд ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар сурати дурахшиши ин ду ба вижа Темуров шояд у дар Персполис мондгор шавад, аммо эҳтимоли он бисёр кам аст.

Ҷадидтарин шокии Персполис дар федератсияи ҷаҳонии футбол Бужидор Родушувич дарвозабони кервоти ин тим аст, ки миёни фасл аз Теҳрон қарор кард ва рафт, аммо ҳоло қарор аст 25 миллиард тумон аз бошгоҳи эронӣ бигирад.

 

Барчасп