Туркия паҳподи байрақдорро ба Тоҷикистон таҳвил дода аст
(last modified Wed, 27 Apr 2022 16:26:23 GMT )
Апрел 27, 2022 21:26 Asia/Dushanbe
  • Туркия паҳподи байрақдорро ба Тоҷикистон таҳвил дода аст
    Туркия паҳподи байрақдорро ба Тоҷикистон таҳвил дода аст

Номзади вазири ҷадиди умури хориҷаи Қирғизистон муддаи шуд, ки Туркия бо вуҷуди мухолифати Бишкек теъдоди паҳподҳои байрақдор ба Тоҷикистон таҳвил дода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик Жиёнбек Кулубоев, ки барои гирифтани райи эътимоди маҷлиси Қирғизистон ба унвони вазири ҷадиди умури хориҷаи ин кишвар ба ба ин ниҳод рафта буд аз таҳвили теъдоди паҳподи байрақдор аз сӯи давлати Туркия ба Тоҷикистон хабар дод.

Вай таъкид кард, ки қаблан ба далели ихтилофти марзӣ бо Тоҷикистон мақомоти Қирғизистон аз Туркия хоста буданд, ки аз таҳвили ин паҳподҳо ба Тоҷикисон худдрои кунад. Ин дар ҳоле аст Қирғизситон дар соли 2021 аз Туркия теъдоди паҳподи байрақдор харидори карда буд.

Аз сӯи дигар дар пай сафари ахири генерал Шерали Мирзоев вазири дифоъи Тоҷикистон ба Туркия ду кишвар созишномаи ҳамкоринизомӣ ва фанни низомӣ имзо карданд.

Бо ин ҳол мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба иддаои Қирғизистон дар мавриди хариди паҳподи байрақдор аз Туркия посух надоданд.