Рушди 453 дарсадии тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон
(last modified Sat, 30 Apr 2022 16:02:21 GMT )
Апрел 30, 2022 21:02 Asia/Dushanbe
  • Рушди 453 дарсадии тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон
    Рушди 453 дарсадии тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт: Тиҷорати ин кишвар дар соли 1400 бо Тоҷикистон бо гузашт аз 131 миллион доллар, рушди 453 дарсади дошт,ки ин рушд дар се моҳи поёнии соли ҳиҷрии шамсӣ ҷаҳиши чашмгире дошта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сади Хуросон, Сайид Руҳуллоҳи Латифӣ, сухангуи гумрук дар хусуси тиҷорати ин кишвар бо Тоҷикистон изҳор дошт: Дар соли 1400 тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон 139 ҳазору 249 тонна коло ба арзиши 131 миллиону 38 ҳазору 584 доллар буд, ки нисбат ба соли 1399 рушди 489 дарсади дар вазн ва 453 дарсади дар арзиш дошта аст.

Вай афзуд: Дар ин муддат содироти Эрон ба Тоҷикистон 124 ҳазору 737 тонна коло ба арзиши 91 миллиону 600 ҳазору 929 доллар буд, ки нисбат ба соли 1399 рушди 535 дарсади дар вазн ва 459 дарсади дар арзиш дошта аст.

Латифӣ дар хусуси воридот аз Тоҷикистон гуфт: Дар соли гузашта 14 ҳазору 512 тонна коло ба арзиши 39 миллиону 437 ҳазору 655 доллар воридоти Эрон аз Тоҷикистон буд, ки бо рушди 263 дарсади дар вазн ва 439 дарсади дар арзиш ҳамроҳ буда аст.

Сухангуи гумруки Эрон таъкид кард: Мизони тиҷорати кишварат бо Тоҷикистон дар се моҳи поёнии соли ҳиҷрии шамсӣ шитоби бештар ба худ гирифт ба тавре, ки 47 ҳазору 957 тонна коло ба арзиши 37 миллиону 656 ҳазору 363 доллар содирот ба Тоҷикистон ва ҳашт ҳазору 364 тонна коло ба арзиши 24 ҳазору 845 доллар воридоти коло аз Тоҷикистон ба Эрон дар ин се моҳ анҷом шуда аст.

Вай афзуд: Мизони содироти Эрон ба Тоҷикистон дар зимистон, нисбат ба се моҳи поёнии соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ рушди 1049 дарсади дар вазн ва 953 дарсади дар арзишро нишон медиҳад ва воридоти се моҳи поёнии соли ҷорӣ шамсӣ аз Тоҷикистон низ бо рушди 649 дарсади дар ванз ва 1046 дарсади дар арзиш ба ҳамроҳ буда аст.

Латифӣ дар хусуси колоҳи табодулшуда байни ду кишвар гуфт: Аксари воридот аз Тоҷикистон пахтаи ҳалоҷишуда буд ва пилаи кирми арешим, сафаҳоти нозуки варақӣ, маснуъоти плостикӣ ва ашёи рӯи миз ҳам аз ин кишвар ворид шуда аст ва содироти Эрон ба Тоҷикистон низ анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ, ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими хонагӣ, маводи маъданӣ, анвоъи дору ва ваксина, маводи кимёӣ, шуяндаҳо, анвоъи милаи варақҳои фулузот, пушок, кафш, чарх, порча ва нах, зарфҳои шишаӣ, лавозими электроникӣ, анвоъи мебел ва васоили бозии кудакон буда аст.