Май 02, 2022 20:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди маҳсулот дар минтақаи озоди иқитисодии Данғара
    Афзоиши тавлиди маҳсулот дар минтақаи озоди иқитисодии Данғара

Тавлиди маҳсулоти саноъати дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ дар корхонаҳои ин минтақа ба маблағи 8 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид шуда аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш афзоиши 1 миллиону 400 ҳазор сомониро нишон медиҳад.

Ҳамчунин дар соли 2021 барои сохти корхонаи ҷадид дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара маблағи 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ харҷ шуд, ки дар 3 соли ҷорӣ ин шохис ба 55 миллион сомонӣ расид. Бар асоси барномаи эъломшуда дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ қарор аст 4 корхонаи ҷадид аз ҷумла сохти масолеҳи сохтмонӣ, тавлиди равғани матор, нушоба ва кансерваи моҳӣ ба баҳрабардори бирасад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара барои воридоти таҷҳизот аз пардохти гумрук ва молият озод карда аст.