Май 06, 2022 15:46 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистону Узбакистон барои муаррифии зарфиятҳои гардишгарии Осиёи Марказӣ

Намояндаи доими Узбакистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва дар хусуси зарфиятҳои гардишгарии Осиё Марказӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Тошканд, Бахтиёр Иброҳимов, намояндаи доими Узбакистон дар Созмони Милал ва Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бо хурсандӣ бар тавсеаи идомадори ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи гардишгарӣ таъкид карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар натиҷаи иродаи сиёсии руасои ҷумҳурии ду кишвар фазои муносибе барои ҳамкориҳои наздик дар қолаби дуҷонибаву чандҷониба эҷод шудааст.

Тарафи тоҷик бар аҳамият ва бамавқеъ будани ибтикори матраҳшуда тавассути раиси ҷумҳурии Узбакистон дар сеюмин нишасти ройзании руасои ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси роҳандозии барномаи муштараки «Як тур - кулли минтақа» бо пӯшиши тамоми абъоди гардишгарӣ таъкид кард. Ҳамчунин омодагӣ барои ҳамкориҳои мутақобил барои иҷрои амалии ин барнома, ки барои муаррифии комили потенсиали гардишгарии минтақа кумак мекунад, эълом шуд.

Тарафайн дар идома дар мавриди маросими муҳими минтақаӣ ва байналмилалии қарибулвуқуъ дар мавзӯоти гардишгарӣ, аз ҷумла биступанҷумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Ҷаҳонии Гардишгарӣ, ки дар соли 2023 мелодӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, табодули назар карда ва дар поён дар бораи ташдиди ҳамкориҳо дар сатҳи намояндагиҳои доимии ду кишвар ба манзури пешбурди ибтикороти муштарак барои таъмими имконоти гардишгарии Осиёи Марказӣ ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп