Май 07, 2022 09:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бузургдошти ҶБВ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими солгарди пирӯзии Шуравӣ бар Олмони нозӣ дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945, ки рӯзи 9 майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, дар Душанбе ширкат хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ёдбӯди қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии дувуми режаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар Боғи пирӯзии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат ва схронӣ хоҳад кард.

Бар асоси гузориши расмӣ 290 ҳазор тоҷикистонӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ширкат кардаанд, ки 100 ҳазор нафар аз онон ҷони худро аз даст додаанд.

Ба 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон барои хадамот дар Ҷанги ҷаҳонии дувум медоли ифтихор эъто шуда ва 55 тан низ унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро касб кардаанд.

Дар Тоҷикистон акнӯн 59 нафаро аз куҳнасарбозони Ҷанги ҷанги дувум боқӣ мондаанд, ки бар асоси фармони раисиҷумҳури ин кишвар ба ҳар як аз онон 1 ҳазору  200 доллар кумаки молӣ пардохт шудааст.

 

Барчасп