Тоҷикистон мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Кофо-2022
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i85368
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони зери 16 соли Федератсияи футболи Осиёи Маказӣ ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Май 07, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Кофо-2022
    Тоҷикистон мизбони мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Кофо-2022

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони зери 16 соли Федератсияи футболи Осиёи Маказӣ ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рақобатҳо аз 13 то 20 май бо ҳузури 5 тим дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқот тимҳои ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар чорчуби мусобиқоти қаҳрамонии Кофо-2022 байни тимҳои ҷавонони "U-16"  10 бози анҷом мешавад.

Бар асоси ойномаи мусобиқоти қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ дар байни тимҳои ҷавонон ба сурати давраи ва дар як давра баргузор мешавад.