Май 11, 2022 09:01 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои коҳиши содироти пахта ба хориҷ

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз содироти пахта аз ин кишвар ба маблағи 78 миллиону 700 ҳазор доллар тайи семоҳаи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар ин муддат аз Тоҷикистон 78 миллиону 700 ҳазор доллар пахта содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2021 наздик ба 16 миллион доллар бештар аст.

Бо ин ҳол, коршиносон аз ин ки 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад, ибрози нигаронӣ мекунанд, зеро ин кишвар либоси тавлидшуда аз пахтаи содиротии худро се баробар гаронтар ворид мекунад.

Бар асоси барномаи Ҳукумати Тоҷикистон бояд тайи 3 соли оянда содироти пахта аз ин кишвар ба мизони 20 ҳазор тон коҳиш ёбад. Ба ин далел, ки дар дохили Тоҷикистон акнун корхонаҳои ҷадиде сохта мешавад, ки заминаи табдили пахта ба либосро фароҳам месозад.

Акнун дар Тоҷикистон имкони фароварӣ ва тавлиди либос аз 70 ҳазор тон нахи пахта вуҷуд дорад, ки ба далели содироти он ба хориҷ танҳо 20 ҳазор тон аз ин маҳсул мавриди истифода қарор мегирад.