Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
(last modified Wed, 11 May 2022 04:51:47 GMT )
Май 11, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкат кард.

Ба гузориши “Ховар”, конфронси байналмилалии Иморот бо унвони “Ваҳдати мусулмонон, чолишҳо ва фурсатҳо” дар Абӯзабӣ баргузор шуд.

Тавсеаи ҳамкорӣ байни мусулмонони ҷаҳон дар заминаи сулҳу субот дар минтақа дар ин ҳамоиши баҳсу баррасӣ шуд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими суннатҳову ҷашну маросими раёсати ҳайати Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Конфронс бо ҳузури мақомоти 40 кишвар баргузор шуд.