Ноябр 26, 2016 15:15 Asia/Dushanbe
  • Ангуштнигории саросарӣ дар Тоҷикистон

Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иҷрои тарҳи ангуштнигории саросарӣ ё худ гирифтани изи ангушти шаҳрвандон дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто", ин манбаи огоҳ гуфтааст, ин тарҳ ҳамакнун дар бархе манотиқи ин кишвар, чун шаҳри Душанбе, навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор оғоз шудааст ва дар иҷрои он аз афроди аз 16-сола боло изи ангушт гирифта мешавад. Тарҳи ангуштнигории саросарӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби амалиёти вижае бо номи "Чистка" (поксозӣ) иҷро мешавад.

Ин ангуштнигорӣ довталабона аст, бинобар ин барои иҷрои он аз ҳар нафар 4 сомонӣ ва барои дарёфти гувоҳиномаи таъйиди изи ангушт як сомонӣ гирифта мешавад.  Ба гуфтаи манбаъ, ин ангуштнигорӣ бо ҳадафи мубориза бо ҷурму ҷиноят, таъмини амнияти шаҳрвандон, кӯмак ба шиносоии аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва бо таваҷҷуҳ ба Қонуни сабти асари ангушт, ки дар соли 1999 ба тасвиб расидааст, иҷро мешавад.