Дидори муовини вазири хориҷаи Эрон бо вазири хориҷаи Тоҷикистон
Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчӯби сафари худ ба Тоҷикистон, бо вазири умури хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Алиризо Бекдилӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин дидор дар бораи масоили ҷорӣ ва дурнамои равобити байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф табодули назар карданд.
Гуфтанист, Сайид Иброҳими Раисӣ пас аз интихоб шудан ба унвони раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, нахустин сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дод.
Ба дунболи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохту сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешавад, аммо ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровоне доранд.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бар пояи авомили ҳамгароӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ устувор аст.
Тоҷикистон кишваре бо зарфияти табдил шудан ба як шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиё Марказӣ аст, ки метавонад аз тариқи бандарҳои ҷанубии Эрон ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад.
Тиҷорати ду кишвар дар семоҳаи поёнии 1400 шамсӣ бо убур аз 131 миллион доллар, рушди 453 дарсадиро таҷриба кард, ки нишондиҳандаи ҷаҳиши чашмгир дар муносиботи тиҷорӣ аст.
Эрону Тоҷикистон дар пружаҳои нафт, садсозӣ, саноеи ғизоӣ, филизот ва гардишгарӣ низ зарфияти болое барои ҳамкорӣ доранд.