Баргузарии маросими бошукуҳи Навруз дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i112752-Баргузарии_маросими_бошукуҳи_Навруз_дар_Вена
Маросими накудошти Навруз бо ҳузури сафирони сафоратхонаҳо ва марокизи фарҳангии 10 кишвари ҳавзаи Навруз шомили Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистон ба мизбонии муассисаи фарҳангии сусоитии Австрия ва дар маҳали бинои тарихии китобхонаи миллии Австрия баргузор шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Март 17, 2024 10:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии маросими бошукуҳи Навруз дар Вена
    Баргузарии маросими бошукуҳи Навруз дар Вена

Маросими накудошти Навруз бо ҳузури сафирони сафоратхонаҳо ва марокизи фарҳангии 10 кишвари ҳавзаи Навруз шомили Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистон ба мизбонии муассисаи фарҳангии сусоитии Австрия ва дар маҳали бинои тарихии китобхонаи миллии Австрия баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин маросим ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда дар се бахш ба ироаҳои фарҳангӣ, ироаи мусиқиҳои суннати ва ҳамчунин пазироӣ бо ғизоҳои маҳалли пардохта ва шаби баёдмондниро дар шаҳри Вена барои ҳозирини иборат аз сафирон ва намояндагони дигар кишварҳо, мақомот ва шахсиятҳои илмӣ-фарҳангии Австрия халқ карданд.

Суфраи бошукуҳи ҳафтсини эронӣ ҳамчун нигинии зебо дар ин маросим медурахшид.