Май 14, 2022 16:34 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони СПАД ба Русия сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс ин иҷлос ба сиюмин солгарди муъоҳидаи амнияти ҷамъӣ ва бистумин солгарди эҷоди СПАД ихтисос ёфта аст.

Дар ин маросим ҳамчунин раисони Ҷумҳурии Қирғизисон, Қазоқистон ва Беларусия ширкат мекунанд.

То кунун дар мавриди дидори дуҷонибаи раиси Ҷумҳурии Тоҷкистон бо раиси Ҷумҳурии Русия матлабе гуфта нашуда аст.

 

Барчасп